Ба гузориши Хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (АБНА), мардум ва ҳукумати муқовими Яман ҳамзамон бо оғози ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими Исроил ба Ғазза дар дифоъ аз мардуми ин минтақа ва бар асоси вазифаи шаръӣ ва ахлоқӣ ба набарди "Фатҳи мавъуд ва Ҷиҳоди муқаддас" ворид шуданд. Шояд дар ибтидо меҳвари ғарбӣ-амрикоӣ ва саҳюнистӣ гумон намекарданд, ки меҳвари Яман монеъ ё мушкили қобили таваҷҷуҳе дар баробари таҳқиқи аҳдофашон бошад, аммо бо гузашти замон ҳамлаҳои мушакӣ, паҳподӣ, мутаваққиф кардани киштиҳо ба қасди режими саҳюнистӣ, ҳадаф қарор додани киштиҳои ҷангии амрикоӣ шиддат гирифт, то он ҷое ки Амрико пас аз як давраи кӯтоҳмуддат дар ҳамла ба Яман оташбаси худхостаро эълом кард ва аз рӯ ба рӯ шудани мустақим бо яманиҳо худдорӣ намуд.
Аммо масири режими саҳюнистӣ дар ҷанги Яман душвортар аз он буд, ки фармондеҳони низомӣ ва иттилоотии режим пешбинӣ карда буданд. Рӯзномаи саҳюнистии Маарив чанде пеш гузориш дода буд, ки артиш ва ниҳодҳои амниятии исроилӣ эътироф карданд, ки муқобила бо яманиҳо ба далели печидагии ҷамъоварии иттилооти амниятӣ дар Яман як чолиш душвор ва печида аст.
Дар баробари қудрати низомӣ ва иттилоотии яманиҳо, пуштибонии пурқуввати мардумӣ аз давлати Яман нуқтаи қаввати дигаре дар ҷанг бо режими саҳюнистӣ аст. Абдулмалик Бадруддин Ал-Ҳусӣ, раҳбари Ансоруллоҳи Яман дар яке аз суханрониҳои худ бо таҷлил аз муқовимати мардуми Яман гуфт: "Мардуми азизи Яман ҳар ҳафта дар ин моҳҳо дар роҳпаймоии миллионии бесобиқае ширкат мекунанд, ки дар ҳеҷ кишвари дигаре чунин чизе вуҷуд надорад."
Имрӯз низ яманиҳо шоҳиди ду муваффақияти муҳим буданд: яке бекор кардани ҳамлаҳои кӯри режими саҳюнистӣ ба Ҳудайдо ва дигаре ҳадаф қарор додани киштӣ ба қасди арозӣ ишғолӣ буд. Сартиб Яҳё Сареъ дар идомаи муваффақиятҳои нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард: "Ба лутфи Худованд, киштии "Magic Seas" пас аз ҳадаф қарор гирифтан аз ҷониби нерӯҳои мусаллаҳи мо, ба таври комил дар баҳр ғарқ шуд. Ин амалиёт посухе буд ба нақзи муқаррароти мукаррар аз ҷониби ширкати молики киштӣ, ки чандин бор ба бандарҳои Фаластини ишғолӣ ворид шуда буд. Дар охирин мавриди ин тахаллуфот, се киштии мутааллиқ ба ин ширкат бо вуҷуди огоҳиҳои мукаррари нерӯи дарёии мо, ҳафтаи гузашта ба бандарҳои манотиқи ишғолӣ ворид шуда буданд."
Сайти "Ал-Масира" дар ҳамлаҳои имрӯзаи режими саҳюнистӣ ба хубӣ гузориш дод, ки аҳдофи режими саҳюнистӣ дар ин ҳамлаҳо қаблан ҳам ҳадаф қарор гирифта буданд ва дар ҳадаф қарор додани нуқоти ҳассоси Яман ин бор ҳам шикаст хӯрданд:
Дар шиддати танишҳои имрӯз, ки нишондиҳандаи вазъияти сардаргумӣ ва фишорест, ки режими саҳюнистӣ таҷриба мекунад, бо вуҷуди таҳдидҳои қаблӣ оид ба ҳадаф қарор додани "аҳдофи ҳассос" дар Яман, нерӯҳои ҳавоии ин режим ҳамлаҳоеро ба шаҳри Ҳудайдои Яман анҷом доданд ва таслиҳоти ғайринизомӣ, монанди бандарҳо ва нерӯгоҳи марказиро ҳадаф қарор доданд.
Бо ин ҳол, вокуниши ногаҳонӣ ва дақиқи яманиҳо ва муваффақияти дифои ҳавоии онҳо дар бекор кардани ҳамлаҳо, муодилаи наверо инъикос кард, ки тавсеаи қобилиятҳои низомӣ ва иттилоотии Яман ва табдили Яман аз мавзеи пуштибонии сиёсӣ аз ормони Фаластин ба як бозигари низомии мустақим бо таъсири амиқ бар муодилаи боздорандагии минтақавиро таъйид мекунад.
Изҳорот ва таҳлилҳои коршиносони низомӣ ва сиёсӣ ба телевизиони Ал-Масира таъйид кард, ки ҳамлаҳои ахир ба бандарҳо ва нерӯгоҳҳо, нуқси иттилоотии бузургеро аз сӯи душмани саҳюнистӣ ошкор кард, чаро ки ин душман, маконҳоеро ҳадаф қарор дод, ки қаблан бомбаборон шуда буданд.
Ин нишон медиҳад, ки Исроил як бонки ҳадафи воқеиро аз даст додааст, ин ҳамзамон бо шиддати дифои ҳавоии Яман, ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ, ки дар баробари талошҳои Вошингтон барои наҷоти муттаҳиди худ аз ботлоқи Ғазза, мушкили режими саҳюнистиро амиқтар мекунад.
Сартиб Абдулғанӣ Забидӣ тавзеҳ дод, ки ин ҳамлаҳо аз хориҷи ҳарими ҳавоии Яман анҷом шудааст, ки нишондиҳандаи тарси душман аз таҷовуз ба далели тавсеаи дифои ҳавоӣ аст. Ӯ афзуд, ки ин посух маҳдуд ба техникаҳои дифоӣ набуда, балки шомили тактикҳои пешравӣ, ҳушдори зудҳангом ва омодагии баланд низ мешавад. Ӯ таъкид кард, ки изҳороти сартиб Яҳё Сареъ, инъикосгари воқеияти боздорандагии навест, ки Яман таҳмил кардааст.
Ҳадафгирии мукаррар ва шикасти иттилоотӣ
Забидӣ, коршиноси низомӣ, таъкид кард, ки ҳадаф қарор додани мукаррари таслиҳоти ғайринизомӣ, нишондиҳандаи шикасти иттилоотӣ аст ва адами вуҷуди аҳдофи низомии воқеиро таъйид мекунад. Ӯ хотирнишон кард, ки ҳавопаймоҳои душман ба далели дифои ҳавоии пешрафта натавонистанд вориди ҳарими ҳавоии Яман шаванд ва ҳамин амр онҳоро маҷбур ба фирор кард. Бо таваҷҷуҳ ба бӯҳрони ин режим пас аз ҳамлаи Эрон ва амалиёти ҷории Яман, ин ҳамлаҳоро чизе беш аз як намоиши расонаӣ надонист.
Аз пуштибонии сиёсӣ то нуфузи низомӣ
Аднан Сабоҳ, таҳлилгари сиёсӣ, тавзеҳ дод, ки Яман аз оғози таҷовуз ба Ғазза нақши стратегии муассире ифо карда ва муодилаи наве таҳмил кардааст, ки ишғолгаронро таҳти фишори низомӣ ва равонии мудовам қарор медиҳад.
Ӯ афзуд: ҳамлаҳои Ҳудайдо талоши мазбуҳона аз сӯи Нетаняҳу барои эҷоди як дастоварди хаёлӣ дар ҷараёни сафараш ба Вошингтон буд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳадаф қарор додани мукаррари зерсохтҳои Яман, мушакҳои яманӣ, ки ба умқи сарзаминҳои ишғолӣ мерасанд, мутаваққиф нахоҳад кард.
Сабоҳ таъкид кард, ки Яман, ки аз таслим шудан дар баробари фишорҳои Амрико худдорӣ карда, ба ҳадафи воқеӣ барои душман табдил шудааст, душмане, ки фароғати иттилоотӣ дорад ва ба ҳадаф қарор додани таслиҳоти иқтисодӣ ва ғайринизомӣ мутаваққиф мешавад. Ӯ муътақид буд, ки он чи режими саҳюнистиро нигарон мекунад, на зиёнҳои иқтисодӣ, балки вахомати авзои иҷтимоӣ ва талафоти инсонӣ аст ва роҳҳалли пеши рӯи он, таваққуфи таҷовуз ва лағви муҳосираи Ғазза аст.
Таҳаввулоти тахассусӣ дар қоидаҳои даргирӣ
Сарлашкар Холид Ғуроб, коршиноси низомӣ, хотирнишон кард, ки истиқрори дифои ҳавоӣ дар маконҳои стратегӣ нишондиҳандаи беҳбуд дар ихтиёр доштани дороиҳои боздоранда аст ва таъкид кард, ки ин ҳамлаҳо ҳеҷ талафоти низомӣ надоштааст.
Ӯ афзуд, ки посухи яманиҳо шомили амалиёти дарёӣ ва мушакии тахассусӣ хоҳад буд ва таъкид кард, ки мушакҳои яманӣ метавонанд аз ҳама монеъҳои дифоии амрикоӣ ва исроилӣ убур кунанд. Ӯ ҳамчунин тавзеҳ дод, ки ҳадаф қарор додани як киштии Бритониёӣ дар наздикии Эйлот бахше аз посух ба ҷиноёти ишғолгарон буда ва ҳадаф қарор додани бандари Ҳудайдо ҳеҷ арзиши низомӣ надорад, балки нишондиҳандаи як шикасти иттилоотӣ аст.
Ғуроб таъкид кард, ки душман аз омодагиҳои дифоии нави Яман ғофилгир шуд, чаро ки ин омодагиҳо ҳавопаймоҳояшро маҷбур ба тарки минтақа қабл аз анҷоми маъмуриятҳояш кард. Ӯ таъкид кард, ки пеш аз ин ҳушдорҳои амрикоӣ оид ба тавоноии Яман дар сарнагун кардани ҷангандаҳои F-35 ва асир гирифтани халабонони онҳо вуҷуд доштааст.
Ӯ хотирнишон кард, ки сомонаҳои дифоии саҳюнистӣ аз ҷумла фалахни Довуд ва гунбади оҳанин дар баробари ҳамлаҳои яманиҳо шикаст хӯрданд.
Тағйири стратегӣ барои меҳвари муқовимат
Таҳлилҳои расонаҳои муқовимат ба иттифоқи оро бар ин боваранд, ки замони ҳамлаи саҳюнистҳо бо сафари Нетаняҳу ба Вошингтон ҳамзамон шудааст, талоше барои сохтани як "корти музокира"-и шикастхӯрда аст. Изҳороти мутаноқизи душман, аз инкор то ақибнишинӣ, нишондиҳандаи сардаргумӣ дар Тел-Авив дар баробари нотавонии он дар таваққуфи ҳамлаҳои рӯзонаи Яман аст.
Таҳлилгарон муътақиданд, ки шартбандӣ рӯи шикасти низомӣ дар Яман шикаст хӯрдааст. Балки ин ҳамоҳангии меҳвари муқовиматро тақвият бахшида ва нақшаи боздорандагӣ дар минтақа, аз Лубнон то Эрон, аз Ғазза то Санъоро аз нав тарс намудааст.
Аммо саволҳое боқӣ мемонанд: Оё ин режим мутаваҷҷеҳ шудааст, ки муодилаи боздорандагӣ аз контроли он хориҷ шудааст? Оё сафари Нетаняҳу, ҷинояткори ҷангӣ, ба Вошингтон барои тағйири воқеияти мушакҳои яманӣ кофӣ хоҳад буд? Ё он чи дар Ҳудайдо иттифоқ афтод, оғози поёни истикбор аст?
Он чи қатъӣ ба назар мерасад ин аст, ки мувозинати қудрат ба шиддат алайҳи лоиҳаи саҳюнистӣ дар ҳоли тағйир аст ва Яман на танҳо худро ба унвони як пуштибон, балки ба унвони як бозигари аслӣ дар набард барои иззат ва соҳибихтиёрӣ собит кардааст.
Your Comment